DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд

Май 4, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» оид ба ҷудо идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи дуюми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 4 вазн: — 63 кг, -70 кг, байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Тоҷикистонро дар ин рӯз 10 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.

Байни занон дар вазни -63 кг Шоҳида Қаландарова бо Кристина Кабана Переси Испания дар даври аввал неру месанҷад.

Дар вазни — 70 кг Мавлуда Одинаева дар даври аввал бо Габриелла Виллемс аз Белгия гӯштин мегирад.

Байни мардон дар вазни -73 кг Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Биаслан Блимготови баҳрайнӣ гӯштин мегирад.

Абубакр Шеров дар вазни -73 кг дар даври аввал бо Рамазон Коджакови баҳрайнӣ неру месанҷад.

Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни -73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Як Йонезукаи амрикоӣ гӯштин мегирад.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Адам Содолскии лаҳистонӣ неру месанҷад.

Дар вазни то -81 кг Сунатулло Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудочии қазоқ Жубаназар Абулайхан гӯштин мегирад.

Сунатулло Лоиқов дар вазни -81 кг бо Йошито Ҳоҷо аз Ҷопон дар даври дуюм қувва меозмояд.

Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни -81 кг бо Лачлан Мурҳеад аз Британияи Кабир дар даври дуюм гӯштин мегирад.

Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни -81 кг бо Адам Копески аз Чехия дар даври дуюм неру месанҷад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 4, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд