Эмомалӣ Раҳмон: «Беш аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»

Май 23, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил дар пешрафту ободии Ватан саҳм мегузоранд. Чунин омадааст дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад.

Дар паёми шодбошӣ омадааст, ки «вақт собит менамояд, ки касе илму дониш ва касбу ҳунар дорад, забонҳои хориҷиро медонад, дар зиндагӣ ҳаргиз хор намегардад ва ба касе муҳтоҷ намешавад. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то насли ҷавони Тоҷикистон донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расад».

Инчунин дар паёми шодбошии Пешвои миллат бо дахли баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ гуфта шудааст, ки «ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад. Мо солҳои охир шоҳиди он гардида истодаем, ки ин озмунҳо ба рушду инкишофи ҳаматарафаи ҷавонону наврасон таъсири амиқ расонида, аз байни наврасону ҷавонон чеҳраҳои илмдӯсту маърифатпарвар ва навовару ихтироъкор ба воя расида истодаанд».

Дар паёми шодбошӣ таъкид шудааст, ки Ҳукумати мамлакат ҳамчунин бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Май 23, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд