Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд

Май 4, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати мутахассисони кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар табодули таҷриба ва омӯзиши санъати меъмории ин минтақаҳоро анҷом доданд. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони мамлакат хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ бо сохтмон ва  иншооти бунёдшудаи шафати баҳр, дарёҳо ва нимҷазираҳои шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шинос гардид.

Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо роҳбарияти ширкати лоиҳакашию машваратии байналмилалӣ- JT & Partners (JT+P) вохӯрӣ намуда, бо сохтор ва ташкили корҳои лоиҳакашии ин ширкат шинос шуд. Ҳамзамон бо ширкати бонуфузи сохтмонии «Azizi Developments», United Development Company (UDC), PREMIUM construction ва Lagoon Qatar вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар  доир ба масъалаҳои шаҳрсозӣ, рушди ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар ҳамбастагӣ бо дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо, рушди соҳаи сайёҳӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ ва нақлиётии маҳалҳои аҳолинишин, ҳамзамон бунёди эстакадаҳо ва роҳҳои ҳудуди маҳаллаҳо, таъмини ягонагӣ ва рушди ба худ хоси муҳити меъморию фазоӣ, равандҳои замонавӣ дар меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва дигар омилҳо, ки ба рушди шаҳрсозии ҳудудҳо замина мегузорад, табодули таҷриба намуд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад