«ХИРАД МОРО БА ДОНИШ РАҲНАМУН АСТ…». Даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст…» байни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намояндагони 42 муассиса бо теъдоди 470 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат менамоянд.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯ оварда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор гардад. Барои ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории озмун таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҳамасола шумораи иштирокчиён меафзояд, ки ин нишонаи рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат мебошад.
Бояд гуфт, ки олимпиада ба ташаккул ва ҷаҳонбинии донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид






