Иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон имкон медиҳад гардиши мол афзоиш ёбад

Май 21, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Озарбойҷон ба афзоиши табодули мол бо Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд гардидани воридот ва содироти маҳсулоти ғизоӣ манфиатдор аст. Дар ин хусус директори иҷроияи Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон Юсиф Абдуллаев дар форуми тиҷоратии Тоҷикистон-Озарбойҷон, ки дар шаҳри Боку доир гардид, изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба таъкиди Юсиф Абдуллаев аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғизоӣ содирот карда мешавад.

«Ҳаҷми солонаи табодули мол байни ду давлат новобаста аз имконоти мавҷуда нокифоя буда, истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ҳарду давлат имкон медиҳад, ки гардиши мол афзоиш ёбад», — баён дошт директори иҷроияи Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Май 21, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд