«ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА-МАРОМИ МО». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Ҳифзи саломатии ҷомеа-мароми мо» ҳамоиши табибони ҷавон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустӣ дар пойтахти мамлакат рушд намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.
Махсусан, баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳавӣ инчунин баҳри фаъолияти табибони ҷавон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар навбати худ табибони ҷавон баҳри дастгирии пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳору сипоси самимӣ иброз доштанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ғолибони озмунҳои «Беҳтарин табиби ҷавон», «Беҳтарин ҳамшираи ҷавон», «Беҳтарин ҳамшираи оилавии ҷавон» дар соли 2024 ва дигар мутахассисони ҷавону муваффақ бо ифтихорномаву мукофотҳои моддиву маънавӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






