ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон то охири моҳи апрел дар 30 803 гектар пайдоиш ва хуруҷи малах сабт шудааст, ки барои пешгирии он Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки бар асари тағйирёбии иқлим имсол низ дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон — Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиён хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад. Корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март идома дошта, давоми се марҳила гузаронида мешаванд.
Дар айни замон дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд.
Ба гуфти мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳое, ки барои гузаронидани коркарди кимиёвӣ дастнорас мебошанд, тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефарояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола дар 72 895 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






