Имрӯз Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев бо сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни истиқбол Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди ҳамкории самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни сафар вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назар аст.
Ҳамчунин вазирони корҳои дохилӣ дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар даври дуюми музокироти Тоҷикистону Русия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират пешбинӣ гардидааст.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон









80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






