Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз пешгирии қочоқи беш аз 4 тонна гӯшти мурғи пастсифат дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Тавре дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Чанок-Душанбе воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенc 906КА», таҳти идораи ронанда, шаҳрванд А.И бо гумони интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулоти пастсифат боздошт гардид.
Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёт маҳсулоти ғалладонагии навъи «сабус» бо вазни 1 460 кг гузошта шудааст.
Зимни тафтиш ва мушоҳида дар зери халтаҳои «сабус» тариқи пинҳонкорона 269 қуттӣ гӯшти мурғи истеҳсоли Русия бо вазни 3443 кг ва 46 бастаи полиэтилении гӯшти яхкардашудаи қиммаи мурғи истеҳсоли Беларус бо вазни 690 килограмм, ки дар маҷмуъ 4 тоннаю 187 килограммро ташкил медиҳанд, пайдо гардид.
Санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки ин мол ба шаҳрванд М.И., зода ва истиқоматкунандаи вилояти Суғд тааллуқ дошта, доир ба моли ошкоргардида номбурда ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ надошта, маҳсулот ба ҳудуди мамлакат ғайриқонунӣ ворид шудааст.
Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд санҷиши пешакӣ идома дорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






