Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
ЁВОН, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои деҳқониву дастҷамъонаи ноҳияи Ёвон кишти пунбадона ҷараён дорад.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод, то имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки аз ин шумора 410 гектар дар зери плёнка кишт шудааст.
Нақшаи кишти пахта 10 170 гектар гектар мебошад, ки рӯзҳои наздик бо омадани ҳавои мусоид он иҷро мегардад.
Кишоварзони ноҳияи Ёвон мувофиқи нақшаи кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ бояд дар 22 138 гектар кишти зироати гуногун гузаронанд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, то имрӯз дар 18025 гектар зироати гуногун кишт намудаанд, ки аз ин 6650 гектар гандум, 386 гектар ҷав, 96 гектар ҷуворимакка, 801 гектар пиёз, 81 гектар сабзӣ, 112 гектар карам, 213 гектар помидор, 160 гектар бодиринг, 609 гектар зироати хӯроки чорво, 321 гектар картошка, 725 гектар маҳсулоти полезӣ ва 7549 гектар зироати техникӣ мебошад.
Дар айни замон мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ озуқадиҳии зироати киштшуда идома дорад.
АКС: Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






