Корхонаи шаҳри Хоруғ қуттиҳои гуногуни оҳанин барои партов ва сутунҳои барқӣ истеҳсол менамояд
ХОРУҒ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Тоҷикистон якчанд корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд. Корхонаи хурди “Оҳансарой”, ки ба наздикӣ дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фаъолият шуруъ кард, дар муддати кӯтоҳ бо маҳсулоти хушсифат ва дар айни замон серталаб байни идораву муассисаҳои давлатию тиҷоратӣ ва сокинони маҳаллӣ мизоҷони зиёд пайдо намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст.
Дар ин корхона дарвозаву панҷара, сутунҳои барқию қуттиҳо барои партовҳои пластикию оҳанин ва шишагин истеҳсол мешаванд. Қаблан ин гуна маҳсулотро сокинони шаҳру деҳоти атрофи он аз шаҳрҳои Душанбе ва давлати Чин дастрас мекарданд. Ҳоло корхона бе ягон мушкилӣ дархости мизоҷонро иҷро ва маҳсулотро то манзилашон интиқол медиҳад.
Корхона бо панҷ намуд дастгоҳи махсуси муосири истеҳсоли Чин пурра муҷаҳҳаз гардида, ҳама гуна намуди оҳанро дар шаклҳои гуногун бурида, аз он маҳсулоти дилхоҳ истеҳсол мекунад. Дар корхона 5 коргар фаъолият мекунад. Ин коргарон чанд муддат дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, дар сохтмонҳо ба сифати кафшергари газию барқӣ кор карда, соҳиби таҷрибаи кофӣ гардидаанд. Баъди бозгашт ба масъулини ин корхона барои кор муроҷиат карданд. Дониши назариявию амалии онҳо имконият дод, ки дар зудтарин фурсат соҳиби ҷойи кор гарданд ва маоши хуб ба даст оранд.
Масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи хоми корхонаи “Оҳансарой” мутобиқи шартнома аз шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад. Ин корхонаи хурд марбут ба Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Оҳансарой” буда, ба ин монанд корхонаҳои хурд дар дигар ноҳияҳои вилоят низ фаъолият мекунанд. Шарикони ҳамкори ин ҶДММ ширкати барқии “Помирэнерҷӣ” ва Мактаби таҳсилоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошанд, ки ба омӯзиши ихтисосҳои зарурӣ мусоидат менамоянд.
Дар айни замон аз тарафи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ба корхонаи “Оҳансарой” 60 қуттии партови калон ва 100 қуттии партов барои ашёи пластикӣ, барои қисмҳои марзбонӣ 9 дарвоза барои дидбонгоҳҳои сарҳадӣ фармоиш дода шудаанд. Коргарон дар ду баст кор мекунанд, то ҳарчӣ зудтар маҳсулотро ба мизоҷон расонанд.
Ба ҷуз ин дар коргоҳи дигар коргарон ба истеҳсоли сутунҳои оҳанини барқӣ, панҷараҳо барои роҳу гулгашт ва қубурҳои обгузар машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






