Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд

Май 3, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахт ҳангоми гузаронидани  амалиёти гумрукӣ аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота Прадо» ба миқдори 7000 қуттича тамокуи навъи «Milano» ва 1180 қуттича  тамокуи навъи «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ин миқдор тамоку тамғаи аксизӣ надошта, бар хилофи тартиби муқарраргардида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Зимни гузарониданн саиҷиш муайян карда шуд, ки маҳсулоти тамокуи мусодирашуда ба шаҳрвандон А.Х. Ш.С ва С.Қ тааллуқ дошта, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоида мехостанд ин миқдор тамокуро дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш бароранд.

Тибқи мактубҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Пардис Групп» ва ҶДММ «Сеганҷ», ки дар ҳудуди Тоҷикистон дистрибютери расмии ширкатҳои кореягии «KT&G» ва Аморати Муттаҳидаи Араб «Gulbahar Tobacco Internetional» мебошанд ва тамғаи молии маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-po ба реестри гумрукии моликияти зеҳнии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид намудаанд,  нархи 1 қуттича маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» 12 сомонӣ ва «ESSE» 20 сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, маҳсулоти тамокуи аз воситаи нақлиёт дарёфтшуда 8 ҳазору 180 қуттича ва маблағи умумияш 107 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳолат Прокуратураи генералӣ нисбат ба ин шаҳрвандон ва дигарон бо аломатҳои моддаи 2591қисми 2 банди «а», Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд