Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Май 17, 2024 17:36

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ мерасонад, ки воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар муроҷиати маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад.

Мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатӣ»,  ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ буда, барои иҷозати дигар шахсон ба хати сарҳад танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва барои сафар барасмиятдаровардашуда ризоият дода мешавад.

Постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд.

Вобаста ба ин аз тамоми шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони дар қаламрави Тоҷикистон қарордошта ё воридшаванда даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2024 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд