Масъалаи таъсиси Платформаи муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Чин дар Душанбе баррасӣ шуд

Май 30, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Платформаи муштараки сармоягузорӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори генералии Бунёди «Роҳи абрешим»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсай Сиютзюн дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки таҳкими рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ»буда, давоми солҳо механизми муназзами ҳамкорӣ ва муколама байни ду давлат ба вуҷуд омада, ҳамкорӣ дар доираи ин ташаббус сол аз сол рушд меёбад.

Дар робита ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки сармояи Чин дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон ва ширкатҳои суғуртавӣ афзоиш дода шавад. Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон шароити мусоид баҳри кушодани бонкҳои хориҷӣ ва филиалҳои онҳо фароҳам оварда шуда, ягон монеа барои сармоягузорӣ дар бахши бонкӣ ва суғурта дида намешавад.

Директори генералии Бунёди «Роҳи абрешим» доир ба саҳми сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон, имконоти сармоягузории хориҷӣ дар низоми бонкӣ ва самтҳои дигари ҳамкорӣ ибрози назар намуд.

Дар мулоқот дар баробари шиносоӣ бо вазъи кунунии низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкориро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси «Платформаи муштараки сармоягузорӣ Чину Тоҷикистон» барои амалӣ шудани ҳадафҳои дар мулоқот баёншуда кумак менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 30, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд