МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад

Май 10, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, давоми моҳи май ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои шиддатнок, жола дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ин боронҳои пай дар пай дар моҳи охири фасли баҳор ба соҳаи боғу токпарварӣ ва зироати кишоварзӣ чӣ таъсир расонида метавонанд?

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров вобаст ба таъсири он гуфт, ки «боронҳои пай дар пай решаи дарахтонро, ки 3-4 метр поён рафтааст, бо намӣ таъмин месозанд. Вале онҳо сабаби камҳосилии дарахтон ва гирифтор шудан ба бемори обсӯз мегарданд».

Мавсуф иброз намуд, ки борон барои марди деҳқон неъмате аст, ки метавонад рӯзгори онҳоро бисозад ва ё баръакс ба онҳо зарар оварад. Аз як ҷиҳат борон барои нашъунамои зироат зарур буда, миқдори он дар давраи нашъунамо ба ҳосили зироат таъсири бевосита мерасонад. Вале бориши аз ҳад зиёд метавонад омили обхезӣ, эрозияи хок, инкишофи алафҳои бегона ва дигар мушкилот гардад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки боронҳои пуршидаат сабаби коҳишёбии ҳосили дарахтони донакдор мегарданд. Зеро гули онҳо аз таъсири борони бештар гардолуд нашуда, боиси кам гардидани ҳосил мешавад.

«Боғпарварон бояд дар ин шабу рӯз гирди дарахтонро нарм намуда, атрофи онро аз алафҳои бегона тоза намоянд. Инчунин таъмин намудани нуриҳои минералӣ ва органикиро фаромӯш насозанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки боридани жола на танҳо ба дарахтон, балки ба зироати кишоварзӣ низ зиёновар аст. Он гулу ғура ва ниҳолҳои полезиро аз байн мебарад.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, солҳои охир тағйирёбии иқлим боиси камҳосилӣ ё талаф ёфтани ҳосили кишоварзӣ гардидааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои гирифтани ҳосили фаровон бояд навъҳои зироат ё дарахтонеро парвариш намоем, ки ба тағйирёбии мутобиқ бошанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд