Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки намондагони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ин созмон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Форум бо мизбонии Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон дар мавзуи «Туризм дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ: имконият ва мушкилот» ташкил ва бо суханронии дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ифтитоҳ гардид.
Дабири кулл зимни суханронӣ ба Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон барои дастгирӣ ва баргузории форум изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин аз ҷониби дабири кулл ба иштирокчиён вобаста ба рушди сайёҳӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар Озарбойҷон маълумот дода шуд.
Баъд аз суханрониҳои меҳмонони воломақом нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бори аввал мегузарад, бо ташкили панелҳо барои муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби коршиносон идома ёфт.
Дар форум коршиносон аҳамияти ҳамкорӣ дар таҳияи бастаҳои сайёҳии муштараки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла ECO Duo, ECO Multi, ECO Nature ва Capital Tourism ECO-ро мавриди муқокима қарор доданд. Дар муҳокимаҳои панелӣ ба стратегияҳои таҳия, татбиқ ва маркетинги хатсайрҳо, аҳамияти ҷалби муштариёни маҳаллӣ ва ҷавонон, тавлиди талабот ва бастани шартномаҳои мувофиқ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ёдовар мешавем, ки нахустин форуми танзимгарони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 2 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз шуда, то 4 май идома меёбад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






