Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имконият барои ташкили занҷираи арзиши иловашудаи устувор ва аз лиҳози экологӣ тоза дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) бо такя ба соҳаҳои кишоварзӣ ва нақлиёт дар панели сатҳи баланд, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии Рушд/БОР/ дар Тифлис баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар панели сатҳи баланд, ки дар мавзуи «Маблағгузории «сабз» дар занҷираи арзиши иловашуда дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC)» баргузор шуд, иштирок ва сухан намуд.
Намояндагони ҳукуматҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ нақши глобалии ҳамкории минтақавиро дар ташкили занҷираи арзиши иловашуда зимни татбиқи рӯзномаи тағйирёбии иқлим махсус таъкид намуда, доир ба зарфият ва ниёз ба сармоягузориҳо барои карбонзудоӣ, муосиргардонии бандарҳо, рақамикунонӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлиму имконияти ҷалби маблағҳо ва дастгирии омодасозии лоиҳаҳои иқлимӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идорами амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






