Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд

Май 11, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҷашни 32-солагии истиқлолиятро дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ таҷлил намуд. Вале барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки фосилаи замону макон, марзҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, фарҳангиёни мамлакат бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз намуда, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Чунин иброз доштааст декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгонамон огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм, устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

Зеро баҳри ҳифзи давлатдории миллӣ танҳо афроди худогоҳу хештаншинос омода буда метавонанд. Ҷонибдорӣ ва татбиқи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр -Ватани ягонаи мо» бе огоҳии комил аз таъриху фарҳанги ниёгонамон, ҳисси баланди соҳибватанӣ ва ифтихор аз ваҳдати миллӣ имконнопазир аст.

Сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон», ки аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ муайян гардидааст, аз он нуқтаи назар бағоят муҳим аст, ки ҷавонон нисбат ба насли калонсол аз нишебу фарозҳои таъриху тамаддуни миллат огоҳии камтар доранд. Сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии онҳо нисбатан пасттар аст.  Маҳз ҳамин омил аксаран боиси гароиши як зумра ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона мегардад.

Сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон пайгирона буда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи ворисони ҳақиқии таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешбарандагони маърифату худшиносӣ, муҳофизони нангу номус ва ҳувияти миллӣ, мунодиёни асили ватандӯст мебошад.

Барои он ки ҷавонони тоҷик ин рисолати бузургро дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони муосир иҷро карда тавонанд, дар ниҳоди онҳо зиракии сиёсӣ, суботи маънавӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқати миллию ватандӯстиро парваридан зарур аст.

Муҳаққиқони фарҳанг бояд мероси арзишманди таърихию фарҳангӣ ва осори пурқимати ниёгонро бо нигоҳи тоза дар ҳамбастагӣ бо ғояҳои тозаи иҷтимоии миллӣ ва умумибашарӣ мавриди омӯзиш қарор дода, тарзу усулҳо ва самтҳои истифодаи ин арзишҳои волои маънавиро дар ҷараёни таълиму тарбияи наслҳои имрўза ва оянда барои ташаккул ва такомули маърифати хештаншиносӣ бо хулосаҳои дақиқи илмӣ муайян намоянд.

Имрӯз рисолат ва ҷавҳари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳамаҷонибаи арзишҳои фарҳанги миллӣ, таъмини иштироки озодонаи тамоми афроди ҷомеа дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ, техникӣ, дастрасии озодонаи шаҳрвандон ба комёбиҳои илмию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ  буда, дар ин самт минбаъд низ тадбирҳои муассиру судманд андешида мешаванд. Ин падида, ки бо шарофати  истиқлолият муяссар гардидааст, дорои мазмуни амиқи таърихӣ  ва далели он аст, ки  Сарвари давлати тоҷикон  ниёзмандии ҷомеаро ба давлати қудратманд ва маънавиасоси миллӣ бо камоли масъулият дарк  намудаанд  ва рисолаташонро дар ҳамин поя таъйид кардаанд.

Дар раванди таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ  забони модарӣ ҳамчун мероси маънавии миллат нақши бағоят муҳим мебозад. Зеро забон ҳамчун пайвандгари аслҳову наслҳо оинаи таъриху фарҳанги бостониву муосир, эҳёгари анъанаву суннатҳо, офарандаи арзишҳои воло, муҳофизи ҳувияти миллӣ, кафили бақову истиқлолият ва ғолибияти миллати тоҷик мебошад.

Фарзонагони миллати тоҷик дар сангарҳои сарди мубориза бар зидди душманон маҳз бо неруи қудратофарини забони модарӣ дар қалби ҳамватанон эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз  давлатдории миллӣ, омодагӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, шинохту гиромидошти ниёгон ва мероси гаронмояи онҳоро парваридаанд.

Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид ва дақиқ ишора намудаанд: «Забону фарҳанги мо оинае аст, ки роҳи тӯлонии паймудаи тоҷиконро бо ҳама шебу фарозҳо дар худ инъикос кардааст. Аз таърих, адабиёт ва фалсафаи ирфонии ғании  мо ҳувайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд».

Вақти он расидааст, ки ҳамасрони мо тавассути осори илмиву адабӣ, мусиқиву суруд баҳри ғановати пайвастаи таркиби луғавӣ ва ҷаззобияти  забони модарӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани он беш аз пеш талош варзанд, то мардуми олам ҳарчи бештар аз лаззати ин қанди порсӣ баҳраманд гарданд. Шояд он гоҳ бархе аз ҷавонони аз ҳаводиси таъриху рӯзгор ноогоҳи тоҷик фирефтаи ифротиён нашуда, майли бегонапарастӣ накунанд ва аз хатарҳои фалокатбори равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин монанд.

Ибрози андеша ва ғояҳои солиму носолими миллӣ маҳз тавассути забон амалӣ мегардад. Солим ва носолимии афкору андешаи миллӣ вобаста ба он аст, ки афроди ҷомеа то  кадом андоза ба таҳлилу арзёбии таъриху фарҳанги ниёгони хеш қодир аст, оё барои чунин арзёбӣ  неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгор дорад, мизони арзёбии вай дар заминаи кадом ченаку арзишҳо устувор аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»