Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд

Май 24, 2024 07:50

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба истифода доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ аз дуошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздик ба 1,64 гектарро дар бар мегирад.

Дар қитъаи замини номбурда 1 бинои ду ошёнаи таълимӣ, дегхона, анбори сӯзишворӣ, ҳавзи оташхомушкунӣ ва таҷҳизоти барқтаъминкунӣ ҷойгир шудааст.

Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаби нав дорои ҳуҷраҳои гуногуни фаннӣ ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо компютер ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидаанд.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, майдончаи варзишии замонавӣ ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Майдончаи варзишии муассиса дорои таҷҳизот барои обу тоби бадан, бозии футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар гузашта хонандагон аз муассисаи таълимӣ танқиси ва барои таҳсил аз деҳоти Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба дигар деҳа мерафтанд.

Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд.

Ҳаминро ба инобат гирифта, соли 2023 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва дар роҳи худшиносиву ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳо дастуру супоришҳо доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд.

Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят намуданд.

Май 24, 2024 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад