Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Насими диёр» расман оғоз бахшиданд

Май 24, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳаи Яккатути деҳоти Корези ноҳия ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.

Иншоот ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ шудааст.

Дар ҳудуди маҷмаа майдони бозиҳои кӯдакона, варзишгоҳ барои футбол бо 840 ҷойи нишаст ва тарабхона бо 150 ҷой бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз инфрасохтору шароити фароҳамгардида ва ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро дар самти дастгириву татбиқи барномаву стратегияҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Варзишгоҳи маҷмаа дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст. Майдони муосир макони хуб барои баргузории мусобиқаҳои футбол мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси ҷавонмардонаи соҳибкорро намунаи ибрат хонда, ба фаъолият оғоз кардани иншоотро ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди деҳот неку муассир арзёбӣ намуданд.

Май 24, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд