Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд. Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.
Пешвои миллат бахусус аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, таъкид намуданд.
Қобили зикр аст, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






