РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб

Май 20, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки раванди ташаккули давлати миллӣ дар масири таърих марҳилаҳои мураккабро паси сар намуда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои истиқлол ва бақо мондани давлат унсурҳои гуногун аҳамияти бузург доранд. Маҳз тавассути қувваҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки қудрати бузурги зеҳнӣ ва маърифати таърихи бунёди давлатидориро дарк менамоянд, афкори ҷомеа баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ба маҷрои муайян равона мешавад. Яке аз ниҳодҳои асосии низоми сиёсии ҷомеа ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун василаи муҳим дар роҳи ташаккул ва ҷалби ҷомеа баҳри амалӣ намудани ғояҳои бузурги миллӣ хизмат менамояд. Чунин ибрози андеша намуд Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент  Амид Комилбек бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

— Ҳизби сиёсӣ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа нисбатан падидаи нав буда, байни дигар иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ба ақидаи ҷомеашинос ва сиёсатшиноси англис Р. Доуз, «сирф моли сиёсӣ» мебошад.  Моҳият ва табиати  ҳизби сиёсӣ нишон медиҳад, ки он ягона унсури сиёсӣ мебошад, ки ба ғайр аз мақсади ба даст овардани ҳокимият ҳамчунин баҳри ташаккул ва инкишофи ҷомеа, муайян намудани стратегияи рушди дарозмудати давлат, тақсими оқилонаи захираҳои ҳокимият, сарҷамъ намудани захираҳои инсонӣ ва дар маҷмуъ ҷалби ҷомеа баҳри татбиқи ормонҳои миллӣ баромад менамояд. Таҷрибаи таърихи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз тавассути ҳизб низоми сиёсии ҷомеа, идоракунии сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ мукаммал мегардад ва пайваста баҳри қонеъ намудани талаботи ҷомеа ва босамар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ хизмат менамояд. Зуҳури  ҳизбҳои сиёсӣ ба давраи ба вуҷуд омадани давлати миллӣ рост меояд, аз ин рӯ он ҳамчун унсури муҳими сиёсӣ пурра ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ саъю кӯшиш менамояд ва аз таъсири дигар омилҳои ғайримиллӣ озод мебошад.

Таҳлили таърихи сиёсии даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва раванди бунёди давлати миллӣ собит менамояд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои сиёсии зиёд таъсис дода шуданд ва якобра баҳри ба даст овардани ҳокимият, новобаста аз нуфузи ҷамъиятӣ ва набудани таҷрибаи кофӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ гардиданд, ки натиҷаи он ба низоми сиёсӣ оварда расонд. Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахти сиёсӣ аксарияти онҳо зуд аз саҳнаи сиёсӣ нопадид гардида, ба тақдири минбаъдаи давлат таъсири ҳалкунанда расонида натавонистанд. Дар ин буҳрони сахти сиёсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи бузурги сиёсӣ ва сифатҳои сарварӣ тавонистанд дар муддати кӯтоҳ роҳи минбаъдаи давлат ва низоми идоракунии онро муайян карда, зина ба зина раванди рушди давлатдории миллиро таъмин намоянд. Баъди қабули Конститутсия дар мамлакат баҳри таъсиси қонунии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити муосоид фароҳам оварда шуд.

Соли 1994 дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ниҳоди нави сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки қадами устувор дар раванди рушди минбаъдаи давлат ба ҳисоб мерафт.

Дар шароити кӯтоҳи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист рисолати таърихии худро иҷро намояд. Бо такя ба оммаи мардуми Тоҷикистон ҳизб нақшаву барномаҳои муҳимро таҳия ва қабул кард, ки ормонҳои бузурги миллиро инъикос менамуданд.

Ҳангоми суханронӣ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII ҳизб фаъолияти онро таҳлил намуда, нақшаву ниятҳои минбаъдаи ҳизбро ба таври мушаххас нишон доданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки «вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо назардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборат аст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии пешбинишуда такмили минбаъдаи низоми сиёсии ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи устувори ҷомеа, тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарур аст».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар масири 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати неруи бузурги сиёсӣ якчанд корҳои муҳиму бунёдиро дар роҳи рушди давлату давлатдорӣ, таъмини суботу амният ва якпорчагии Тоҷикистон ба сомон расонид, ки ба таври зайл метавон онҳоро нишон дод:

— Бунёди низоми нави сиёсии ҷомеа ва марҳила ба марҳила таҳкиму такмил додани он, яъне низоми идоракунии сиёсии Тоҷикистон. Бунёди низоми нави сиёсии ҷомеа раванди мураккабро паси сар намуда, меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, қабули Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардиданд;

-Қабули якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, қонунҳои миллӣ дар асоси Конститутсия, яъне бунёди низоми ҳуқуқии мамлакат, баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, ки дар роҳи бедории миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии ҷомеаи мамлакат  ва ташаккули фарҳанги сиёсӣ нақши муҳим доранд. Таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ ва дар маҷмуъ амнияти давлат ва мудофиаи он.

-Таъсиси қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва дигар ҷузҳу томҳо баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон;

-Муайян намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи «дарҳои кушод» ва ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ.

-Дар айни замон давлати мо бо зиёда 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, гардиши савдои хориҷӣ бо суръат рушд менамояд;

-Баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, қабули ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони  Милали Муттаҳид дар масъалаи обу иқлим, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва ворид гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии мо ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО;

-Ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон, бунёди роҳу нақбҳо, ки минтақаҳои гуногуни мамлакатро бо ҳам мепайванданд ва низоми ягонаи энергетикии мамлакат. Таъмини ин ду ҳадафи стратегӣ барои давлат хосияти ҳаётӣ дошта, баҳри бақои давлату миллат аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.

Имрӯзҳо дар баробари таъмини рафтуомади доимии шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахт, ҳамчунин ба давлати транзитӣ табдил ёфтани мамлакат имконоти мусоид фароҳам оварда шуданд. Имсол бори нахуст корвони мошинҳо аз давлати Покистон тавассути роҳи байналмилалии Кулма-Қароқурум вориди Тоҷикистон гардид, ки роҳи кӯтоҳтарини барои баромадан ба бандарҳои бузурги баҳрии Карочӣ ва Гвадар мебошад.

Пешвои миллат аз имконоти бузурги транзитии  мамлакат ёдоварӣ намуда, борҳо таъкид  карда буданд, ки «дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистон ва Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо, инчунин Тоҷикистон-Чин-Покистон истифода хоҳанд шуд. Баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли энергетикии мамлакат аз 17 миллиард кВт-соати соли 1991 то 21 миллиард кВт-соат дар соли 2021, раванди босуръати корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва бунёди неругоҳи нави «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт ва «Чарсем» бо иқтидори то 14 мегаватт далели ин гуфтаҳо аст».

Муайян намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва марҳила ба марҳила амалӣ намудани онҳо, таъмини рушди иқтисоди миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мерафт.

Маҳз бо кӯшишу заҳмати шабонарӯзии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи охир иқтисоди миллӣ инкишоф ёфта, сатҳи рушди он ҳамасола 7 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 рушди иқтисоди миллии мамлакатро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки «дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд». Яъне маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 адад расонида шуд. Тоҷикистон тибқи хулосаи олимону коршиносон, яке аз давлатҳои ояндадор дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад; коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 83% дар соли 1998 то 21,2% дар соли 2023 ва афзоиши аҳолӣ аз 5,5 миллион то 10,2 миллион нафар, яъне 2 баробар зиёд гардида, дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад ва коҳиш додани фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид; таъсис додани муассисаҳои олии муосир баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи нави бозори меҳнат ва шумораи зиёди муассисаҳои миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ.

Фаъолияти Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки он ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ соҳиби обрӯю эътибори бузург дар мамлакат ва дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ мебошад. Татбиқи нақшаву стратегияҳои минбаъда дар марҳилаи нави рушди мамлакат аз ҳар  узви ҳизб масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар узви ъзои ҳизб бояд моҳият ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ба таври воқеӣ дарк намояд ва баҳри ҳифзу таъмини он аз тамоми зарфият истифода барад.

Боварии комил дорем, ки то 35-солагии истиқлоли давлатӣ иҷрои бандҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегарданд ва Тоҷикистон ба давлати бузурги транзитӣ, тавлидкунандаи бузурги неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, давлати индустриалӣ-аграрӣ ва ба мамлакати сабз табдил меёбад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Май 20, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мешавад
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Ҷамолиддин Абдуллозода дар Форуми шашуми тандурустии байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Агентии обуҳавошиносӣ: «Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2014 монанд мебошад»
ОБРО БАР МАЗРАИ ДЕҲҚОН БИДЕҲ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи ҷашни Тиргон
ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи технологии мамлакат дар ин мавзуъ
Аз 1 июл дар Тоҷикистон андозаи нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд карда мешавад
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад
ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Назари коршинос дар бораи равобити ду мамлакат дар шароити нави рушди минтақа ва ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад
ТИРГОН ҶАШНИ ТОБИСТОН АСТ. Ин ҷашни миллии мо асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад