«РОҲ БА СӮИ ТИЁН-ШОН». Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиёт дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои Осиё ва Уқёнуси Ором /ЭСКАТО/ аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ мебошанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» беш аз 300 намояндаи баландпояи мақомоти давлатии Осиёи Марказӣ, аъзои Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, ЭСКАТО, ТРАСЕКА, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тамоми иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баландро барои ташрифашон ба сарзамини Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Таъкид шуд, ки конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» ба 10-солагии имзои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» ва инчунин татбиқи Созишнома дар бораи таҳкими ҳаикорӣ дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи мулоқоти Панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябри соли 2023 ба имзо расида буд, бахшида шудааст.



Дар ҷараёни конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» иштирокдорони он ҳолат ва дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, барои беҳтар намудани бехатарии ҳаркат дар роҳ: расидан ба ҳадафҳои глобалӣ то соли 2030, тавсеаи робитаҳои нақлиётии давлатҳое, ки роҳи баромадан ба баҳр надоранд, ба бандарҳои баҳрии давлатҳои Осиё ва дигар масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиётро баррасӣ намуданд.
Дар доираи конфронс вохӯрии кории вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тибқи Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», мулоқоти вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ+Чин барои баррасии равандҳо ва вазифаҳои ҷорӣ ва минбаъда, аз ҷумла татбиқи Созишнома оид ба таҳким дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»























РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Раванди татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд






