«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд

Май 24, 2024 20:22

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ, ки тавассути автобусҳои дуқабата амалӣ карда мешаванд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии пойтахт, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву марказҳои савдову хизматрасонӣ, воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз ҷониби масъулон доир ба хатсайрҳои нави сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» рӯнамоӣ пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад. Сайри пойтахт дар қадами аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Дар доираи хатсайрҳои нав сайри шомгоҳии Душанбе ташкил карда шуда, сокинону меҳмонон метавонанд бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд.

Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Мавриди таъкид аст, ки дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ карда мешавад.

Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа – «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб гардидаанд.


Таъкид гардид, ки хатсайрҳои нав бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасонии сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ифтитоҳ карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ барои иштирокчиён сайри шомгоҳии Душанбе ташкил гардида, автобус дар самти «Кохи Наврӯз», хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Наврӯзгоҳ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Чойхонаи Роҳат», Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Майдони 800-солагии Москва, бинои Маҷлиси Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Боғи Нишон, Китобхонаи миллӣ, Қасри миллат, Боғи Парчам, Осорхонаи миллӣ, «Амфитеатр», Боғи ҳайвонот, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази «Исмоилия», «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»» ва «Кохи Наврӯз» ҳаракат намуд.

Тавре дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед иттилоъ дод, хатсайри якум аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) оғоз гардида, автобус дар масири Акамемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Майдони Дӯстӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Маркази савдои «Баракат», Иттифоқи нависандагон, Амфитеатри Аҳорун, Осорхонаи миллӣ, Боғи ҳайвонот, Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Кохи Наврӯз», Қасри теннис, Варзишгоҳи марказӣ, Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», Маркази Исмоилия, «Кохи Борбад», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Маркази ташхисии «Диамед», Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Боғи Умари Хайём, Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнагишикани «Сиёма», Майдони Истиқлол, Меҳмонхонаи «Сафо», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Бозори Меҳргон, гардиши фурудгоҳ, Меҳмонхонаи «Хилтон», Маркази савдои «Садбарг», Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Серена», Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳаракат менамояд.


«Хатсайри дуюм аз назди Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, ҳаракат дар самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», хиёбони Рӯдакӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», «Ориёнбонк», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Майдони Дӯстӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Маркази савдои «Садбарг», Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена», Майдони 800-солагии Москва, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдои «Пайкар», Иттифоқи нависандагон, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», «Кӯли ҷавонон» ва «Боғи Наврӯзгоҳ»-ро дар бар мегирад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.


Изҳор карда шуд, ки хатсайри сеюм аз назди Майдони Дӯстӣ оғоз шуда, автобус дар масири Бонки миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Меҳмонхонаи «Серена», Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Истгоҳи роҳи оҳан, Маркази савдои «Садбарг», Меҳмонхонаи «Хилтон», кӯчаи Дӯстии халқҳо (марказҳои хизматрасонии «Анзур», «Баҳори Аҷам» ва «Бухоро»), Театри лӯхтак, Боғи Кӯдакон, Маркази савдои Тоҷикистон, Чойхонаи Роҳат, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Меҳмонхонаи «Авесто», «Кохи Ваҳдат», «Майдони Истиқлол», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Маркази савдои «Рӯдакӣ Плаза», Боғи Аҳмади Дониш, Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Чойхонаи Саодат, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Боғи Ирам, Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани «Сиёма», Боғи Хайём, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Боғи ҷавонон, Донишгоҳи милли Тоҷикистон (шаҳраки донишҷӯён), Боғи ҳайвонот, Қасри теннис, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Беморхонаи Шифобахш, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кули ҷавонон», Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ ва Майдони Дӯстӣ ҳаракат менамояд.


Иттилоъ дода шуд, ки ҳаракати автобус дар хатсайри чорум дар масири Майдони 800-солагии Москва, Вазорати фарҳанг, Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, «Кохи Наврӯз», Маркази Исмоилия, «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва бозпас ба шаҳри Душанбе (Майдони 800-солагии Москва) анҷом дода мешавад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2024 20:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тоҷикистон ва Куба ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск самтҳои асосии сайёҳиро муайян намуданд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Иттиҳоди донишгоҳҳои Авруосиё дар Истанбул иштирок намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд