«Саноатсодиротбонк» яке аз беҳтарин ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон шуд

Май 31, 2024 20:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» баргузор гардид, ки дар он Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар номинаи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ» ҷойи 3-юмро сазовар гашт.

Тавре дар «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» соли дуюм аст, ки дар доираи «Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли сипаригашта гузаронида мешавад.

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун барандагони ҷоизаҳо бо ҷомҳо, дипломҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Май 31, 2024 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад