Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлоли давлатӣ барои фаъолияти бисёрҳизбӣ заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Ин аст, ки давоми беш аз се даҳсола ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои баробарҳуқуқӣ фаъолият дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Дар чунин як фазои мусоид 11 майи соли ҷорӣ Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода Анҷумани ғайринавбатии худро баргузор намуд.
Бо назардошти он ки, тибқи хулосаи шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш эътироф гашт, пешниҳод шуд, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад.
Дар ҳамин замина, вакилони анҷуман номзадии се нафар — Шаҳбози Аброр, Ҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаровро ба мақоми раиси ҳизб пешниҳод намуданд. Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро бозхонд намуд. Аз ҳайати умумии вакилон, ки 94 нафарро ташкил медод, 64 нафар ба тарафдории Шаҳбози Аброр ва 8 нафар ба ҷонибдории Ҷаббор Юлдошев овоз доданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси овоздиҳии кушод Шаҳбози Аброр бо касби теъдоди бештари овозҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамчунин бо пешниҳоди вакилони анҷуман ва дар асоси овоздиҳӣ Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зӯҳро Мирзоева муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






