«ШИНОХТИ САРАЗМ». Имрӯз ин филми мустанади Тоҷикистон дар Озарбойҷон намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон имрӯз, 21 май, соати 16:00 дар Маркази синамои Низомии шаҳри Боку филми мустанади «Шинохти Саразм»-и истеҳсоли Тоҷикистон намоиш дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
22 май, соати 16:00 дар ин марказ филми ҳунарии «Дов» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад.
Ҳамчунин дар рӯзи охирини Рӯзҳои фарҳангӣ ва кинои тоҷик дар Озорбойҷон 23 май дар Маркази синамои ба номи Низомӣ соати 16:00 ҳамоиши ҷамъбасти Рӯзҳои синамои тоҷик баргузор мешавад. Дар ин рӯз филми ҳунарии «Оинаи беҷило» намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 23 май Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир мегарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






