СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд

Май 10, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Суғд дар маҳаллаи сеюми шаҳ­ри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмони коргоҳи нави саноатӣ шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Коргоҳи коркарди гӯш­ти мурғ ва истеҳсоли ҳасиб дар масоҳати 1 гектар бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани мар­ҳилаи якум​ то 60 на­фар соҳиби ҷойи кор мегардад. Раванди истеҳсолот аз чанд марҳала гузашта, наху­ст коркарди гӯшти му­рғ амалӣ мешавад. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли ҳасибҳои гуногун амалӣ шуда, боз то 50 нафари дигар ба кор ҷалб мегарданд.

Ташкили коргоҳи нав ба ма­нфиати кор арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки барои расидан ба ҳа­дафи чоруми миллӣ-са­ноатикунонии босуръа­ти мамлакат бояд аз тамоми имконият ис­тифода бурд. Ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави кор ба баланд гардидани сатҳи зинд­агии мардум мусоидат менамояд.

Раиси вилоят дар маҳаллаи Бофан­даи шаҳри Хуҷанд бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пойафзоли муос­ир»​ шинос шуд.

Ко­рхона дар ҳамкорӣ бо шар­икони рушд аз Федера­тсияи Русия сохта шуда, дар он 50 на­фар бо ҷойи кор таъ­мин карда мешаванд. Ашёи хом аз Русия ворид гардида, дар як баст то 50 ҷуфт пой­афзол истеҳсол мегар­дад, ки маҳсулот соди­ротӣ мебошад.

Барои васеъ намудани доираи фаъолият, ба роҳ мо­ндани коркарди пӯст, зиёд намудани навъҳ­ои пойафзоли истеҳсолшаванда ва тақвияти неруи содиротӣ  масъулин вазифадор гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 10, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд