«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Дар Ҷайҳун оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд

Май 30, 2024 17:59

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май вохӯрии гурӯҳи кории доимамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоат, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ҷайҳун бобати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 доир гардид.

Гуфта шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон оид ба моҳияту маҳфуми маърифати ҳуқуқӣ иброз намуданд, ки шаҳрвандон бояд ҳуқуқҳои худро донанд, дониши ҳуқуқиашонро сайқал диҳанд, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавҷудае, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода кунанд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид