СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Ҳадафи эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати шаҳрвандон нисбат ба ҳуқуқ ва қонун, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи якхелаи қонунҳо, иҷрои уҳдадориҳо дар назди давлат, ҷамъият, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншикӣ маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад ва воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиядида такя менамояд, аз шикасти ирода ва нестшавӣ эмин буда, ба рушду пешрафти саросарӣ ноил мегардад. Зеро шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибор ва нуфузи он дар миқёси ҷаҳони муосир дониста мешавад».
Дар робита ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намоед ба мусоҳибаи АМИТ «Ховар» бо сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Насимҷон Раҷабмурод.
АМИТ «Ховар»: Мардуми Тоҷикистон имсол санаи бузург — 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. 30 соле, ки миллати тоҷик бунёди давлати демократӣ ва аз ҳама муҳим, давлати ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Тавъамандии Конститутсия ва давлати ҳуқуқбунёдро Шумо чӣ гуна шарҳ дода метавонед?
Насимҷон Раҷабмурод: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Қисми 2-и ин модда ба хусусиятҳои асосии конститутсия — қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он ва мустақиман амал кардани меъёрҳои конститутсия ишора карда, муқаррар мекунад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо ин ба ду нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд ишора мекунад: якум, ба конститутсия асос ёфтани давлати ҳуқуқбунёд ва аз конститутсия маншаъ гирифтани он ва дуюм, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки мақсади он пешгирӣ намудани суиистифода гардидани ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Бо ин гуфта метавонем, ки конститутсия дар меҳвари давлати ҳуқуқбунёд қарор дошта, мустақиман ядрои онро ташкил медиҳад, ки ба ин тавъамандии конститутсия ва давлати ҳуқуқбунёд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 низ ишора шудааст. Гуфта шуд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
АМИТ «Ховар»: Дар мавриди мазмун ва моҳияти давлати ҳуқуқбунёд чӣ назар доред?
Насимҷон Раҷабмурод: Ба чунин андеша худи мазмун ва моҳияти давлати ҳуқуқбунёд ишора мекунад. Яъне дар ин ҷо сухан дар бораи давлате меравад, ки ин давлат ба ҳуқуқ асос ёфта, доираи фаъолияти он аз тарафи ҳуқуқ идора карда мешавад. Вобаста ба ин, мо метавонем хусусиятҳои Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд бевосита аз худи меъёрҳои конститутсионӣ ошкор намоем. Чунончи, моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар ин манзар Президент ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳия ва қабул кардани санадҳои ҳуқуқӣ ва муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ онро ба назар мегиранд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ доранд. Санадҳои ҳуқуқии қабулшаванда ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии муайяншаванда набояд хилофи ҳуқуқу озодиҳои инсон бошанд. Дар мавриде, ки агар чунин санадҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мухолифат намоянд, онҳо метавонанд дар доираи назорати судии конститутсионӣ, ки бо тартиби моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, ғайриконститутсионӣ дониста шаванд.
Ба ҳуқуқ асос ёфтани давлати ҳуқуқбунёд ва дар чунин давлат арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки бевосита дар худи конститутсия кафолат дода мешавад, имконият медиҳад, ки на танҳо ҷомеаи ҳуқуқӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барпо карда шавад, ки дар он озодии комил ва худидоракунӣ мақоми аввалиндараҷа доранд.
АМИТ «Ховар»: Аз ин ҷо мантиқан хулоса кардан мумкин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ давоми мантиқии рушди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳамин тавр не?
Насимҷон Раҷабмурод: Бале, дуруст аст. Ҳуқуқбунёд эълон гардидани давлат ва аз тарафи ҳуқуқ маҳдуд карда шудани он маънои онро надорад, ки давлат ба таври худкор ба давлати воқеан ҳуқуқбунёд табдил меёбад.
Ҳуқуқбунёд эълон гардидани давлат танҳо як паҳлуи масъала буда, паҳлуи дигари масъала он аст, ки шаҳрвандон то кадом андоза аз ҳуқуқҳои худ бархурдор ҳастанд ва дар идоракунии давлатӣ чӣ гуна иштирок мекунанд. Ба таври дигар, ҳуқуқбунёд эълон гардидани давлат на танҳо ба зиммаи давлат оид ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифа мегузорад, инчунин ҳар шахсро вазифадор менамояд, ки конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ғайр аз ин, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Меъёри мазкурро бевосита моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Бо ин мақсад шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани ҳама гуна маълумот, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дахл дорад, ба мақомоти давлатии салоҳиятдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор муроҷиат намоянд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор дар асоси моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, ки ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.
Шаҳрвандон бо ин тартиб на танҳо маълумоти барои худ дахлдорро ба даст меоранд, инчунин дар идоракунии давлат ва ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок мекунанд, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиашонро боло мебардоранд, масъулияти шаҳрвандиашонро иҷро мекунанд, ҷомеаи шаҳрвандии воқеиро, ки дар доираи он сарҳади фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо соҳаҳои махсусан муҳим маҳдуд гардида, фаъолнокии назарраси шаҳрвандон мушоҳида мегардад, барпо менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Аз ин бармеояд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» қадами устувор дар самти эъмори на танҳо давлати ҳуқуқбунёд, инчунин барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад?
Насимҷон Раҷабмурод: Дуруст аст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ татбиқ менамояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеае мебошад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Илова ба ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»: Таҳлили мантиқии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доштани сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон роҳу усулҳои муайян доранд. Имрӯз кадом роҳу усулҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон татбиқ мешаванд?
Насимҷон Раҷабмурод: Ин масъала бевосита дар банди 6 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ карда шудааст, танзим гардидааст. Тибқи банди мазкур, таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Муқаррароти ин банд ишора менамояд, ки сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҷмуи чорабиниҳои комплексӣ буда, дар тавъамандӣ бо тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбия ба амал бароварда мешавад. Бо ин мақсад аллакай аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии салоҳиятдор санадҳои ҳуқуқии дахлдор таҳия, тасдиқ ё қабул карда шудаанд.
Дар робита ба ин Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар банди 9 санадҳои ҳуқуқии зеринро ҳамчун асоси ҳуқуқии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пешбинӣ менамояд: фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028».
Дар низоми санадҳои ҳуқуқии мазкур Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ карда шудааст, мақоми калидӣ дорад.
Ин санад аз рӯи хусусият бештар хислати универсалӣ дошта, доираи васеи соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва дигар соҳаҳоро фаро гирифта, бо муайян кардани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта, тарзу усул ва роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пайгирӣ менамояд. Масалан, банди 41 Консепсияи мазкур муқаррар менамояд, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила бо ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бобати мустаҳкам намудани оила амалӣ карда мешавад. Ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шурои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил) дар кори таблиғотиву ташвиқотӣ бо мақсади мустаҳкам намудани оила дар назар дошта мешавад. Бо мақсади танзими фаъолияти миёнаравӣ дар ҳалли низоъҳои дохилиоилавӣ қабули санади қонунгузории дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад. Вобаста ба ин, Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ барои солҳои 2018-2028 самтҳои зерини танзими муносибатҳои оилавиро пешбинӣ мекунад:
— танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ бо дар назар доштани арзишҳои миллӣ;
— такмили қонунгузории оилавӣ бо дар назар доштани мушкилоти мавҷуда;
— баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилот баҳри татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
— дар самти мустаҳкам кардани оила давра ба давра таъсис додани фонди давлатии таъмини алимент, фонди давлатии манзили истиқоматӣ барои модарони танҳо бо ба назар гирифтани вазъи иқтисодии мамлакат.
Албатта, боиси инкор нест, ки оила ячейкаи меҳварии ҷамъият ва давлат буда, дар пешрафти он ва ба камол расонидани насли навраси воқеан худшиноси миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин хотир, дар навбати аввал баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оила ва аъзои оила аз тарафи Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ба навбати аввал гузошта шудааст.
АМИТ «Ховар»: Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ваколати худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таъмин менамояд, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ чӣ нақшаҳоро амалӣ менамояд?
Насимҷон Раҷабмурод: Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идоравиро таҳия ва бо фармоиши сарнотариуси давлатӣ аз 9 апрели соли 2024 тасдиқ намуд, ки он марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Тибқи ин чорабиниҳо, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар фаъолияти худ тадбирҳоро оид ба паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ ва пешбурди корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ тавсеа дода, ба шахсони воқеӣ на танҳо зимни ба расмият даровардани амалиёти нотариалӣ, инчунин ҳангоми ташкил ва баргузор намудани вохӯриву суҳбат муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ва механизми татбиқи онҳоро тавзеҳ диҳанд.
Нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба дастурҳои Вазири адлия ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бо аҳолии шаҳр ва ноҳияҳо вохӯриву суҳбатҳои ҳадафнок мегузаронанд, ки дар доираи он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ва механизми татбиқи онҳо тавзеҳ дода мешаванд.
Илова ба ин, нотариусони давлатӣ иштирокчии фаъоли барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ мебошанд, ки тариқи мустақим ва ғайримустақим ба саволҳои аҳолӣ ҷавобҳои мушаххас ва саҳеҳ пешниҳод менамоянд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, имсол бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами алоқаманд ба маърифати ҳуқуқӣ матраҳ гардида, такмили минбаъдаи он амалӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун сохтори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамоянд, оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазир кадом уҳдадориҳоро ба зимма гирифтааст?
Насимҷон Раҷабмурод: 22 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи 72 Маҷмаи кулли СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расониданд, ки ин уҳдадории байналмилалии Тоҷикистонро оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд ба вуҷуд меорад.
Дуруст аст, ки саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун сохтори мақомоти давлатӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамоянд, ки дар ин раванд ҳуқуқ ва манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазир, бахусус шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дар мавриди аввал қарор дорад.
Имрӯз ҳамкории зичи саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақомоти давлатии салоҳиятдор, пеш аз ҳама, бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳ монда шудааст, ки ҳангоми ба номи ин шахсон ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мақомоти васоят ва парасторӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба таври хаттӣ хабардор карда мешаванд, то ки сохтори мазкур тибқи тартиби муқарраркардаи Низомнома дар бораи мақомоти васоят ва парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 тасдиқ карда шудааст, баҳисобгирии молу мулки шахсони осебпазирро ба амал бароранд.
Агар дар назди нотариусони давлатӣ барои аз номи шахсони осебпазир анҷом додани амалиёти нотариалӣ масъала гузошта шавад, дар ин маврид нотариусони давлатӣ ба таври ҳатмӣ хулосаи хаттии мақомоти васоят ва парасториро талаб менамоянд, ки ин сохтор дар асоси санҷиши ваҷҳҳои овардашуда барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ ё рад кардани он хулоса медиҳанд.
Илова ба ин, нотариусони давлатӣ зимни ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо роҳи талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, масалан, дафтари ҳавлӣ, доираи аъзоёни оила, бахусус мавҷуд будани аъзоёни оилае, ки ба синни балоғат нарасидаанд, муайян ва барои ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бо роҳи ҷудо кардани ҳисса дар мерос ва амалҳои ба ин монанд чораандешӣ менамоянд.
Дар чунин ҳолатҳо нотариусони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии соҳавӣ, ба монанди Конвенсияи ҳуқуқи кўдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва санадҳои дигари ба ин монандро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳанд.
Дар анҷоми суҳбат гуфтаниям, ки ҳар пешниҳод, тасмим ва таклифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худ барномаи мукаммале дорад, ки ба рушди бахшҳои гуногун, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини шароити арзандаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. Тасмими эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҷмуи барномаеро фарогир аст, ки муҳим буда, дорои дурнамо дониста мешавад. Зеро дар ҳоле, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф кардааст, муҳим аст, ки ҳар шаҳрванд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои қонунияш воқиф бошад.
Тасмими эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз шумори тадбирҳое аст, ки барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат дар мамлакат равона гардидааст. Пӯшида нест, ки яке аз махсусияти давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад ва дар ҳамин партав Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз барномаҳои мушаххас ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқиро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон қабул намудааст.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат
Мусоҳиб Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»