ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 май, панҷшанбе, 137-умин рӯзи соли 2024
16 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.
***
16 майи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар намуданд.
***
16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
***
16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Беларус- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ-фароғатии «Авеню» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот намуданд.
***
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир шуд.
***
16 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд. Мулоқот ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуда буд.
***
16 майи соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СААД бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар мулоқот сарони давлатҳо авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
***
16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Саммити сарони давлатҳои «Чин + Осиёи Марказӣ» ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
16 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи биографҳо.