ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 май, душанбе, 141-умин рӯзи соли 2024

Май 20, 2024 08:00

20 майи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтугӯи судманд намуданд.

*** 

20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.

*** 

20 майи соли  2017 дар шаҳри  Душанбе  веломарафон баргузор гардид.

*** 

20 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

***

20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, сипас музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду мамлакат баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуд.

***

20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

***

20 майи соли 2023 ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

20 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи ҷаҳонии метрология.

***

Рӯзи байналмилалии шикастабанд (травматолог).

***

Рӯзи байналмилалии занбӯри асал.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдусаттор Мирзоев-соли 1932- доктори илмҳои филологӣ (2002), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

Май 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст