ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 май, якшанбе, 126-умин рӯзи соли 2024

Май 5, 2024 08:00

5 майи соли 1947 Осорхонаи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

5 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии собиқи ЮНЕСКО Коичиро Матсуураро ба ҳузур пазируфтанд. Коичиро Матсуура ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсул дар густариш додани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО – ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби барномаҳои «Иштироки ЮНЕСКО», «Маориф барои ҳама» ва «Маориф барои калонсолон» изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

5 майи соли 2014  Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Масоили рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ гардид. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 9 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид.

***

5 майи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

***

5 майи соли 2021 олимони тоҷик дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон» иштирок намуданд.

***

5 майи соли 2022 масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

*** 

5 майи соли 2023 дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид. 

5 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД 

Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон 

***

Рӯзи байналмилалии доя  (акушер)

 ***

Дар Беларус Рӯзи матбуот

***

Дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи кӯдак

Май 5, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш