Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид

Май 9, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Дар мақолаҳо ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақолаҳо, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ба нашр расидаанд, гуфта шудааст, ки ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, пеш аз ҳама, ба беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин ҳамчун муҳимтарин васила ба муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 9, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд