ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши варзишгарон доир шуд

Май 22, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳамовозӣ ба қабули пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши варзишгарон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, ҷавонон даъват гардиданд, ки пайваста ба варзиш машғул шаванд.

Гуфта шуд, ки Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 феврали соли 2024 пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад. Дар робита ба ин 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, қабул намуд.

Инчунин Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Май 22, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзи аввалини бозиҳои БРИКС варзишгарони тоҷик 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон иштирок намуд
«ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хатлон мусобиқаи футбол оғоз гардид
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА КУРАШ. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби панҷ медал шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад
Дар Душанбе давраи шаҳрии мусобиқаи хурди футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид
ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ. Мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷамъбаст шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Урдун мағлуб шуд
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Директори генералии Шурои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ вохӯрӣ намуд
«ПАЙВАНДИ НАСЛҲО». Дар Душанбе бо собиқадорони футболи тоҷик вохӯрӣ доир гардид
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: «Бозӣ бо тими миллии Урдун ҳалкунанда хоҳад буд»

Маводҳои таҳлилӣ