Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар самти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Душанбе зимни вохӯрии масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Тоҷикистон ба сармоягузорони фаластинӣ вобаста ба имконияти сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки мамлакат маълумот пешниҳод гардид.
Сармоягузорони фаластинӣ омодагиашонро барои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои дорусозӣ, лавозимоти тиббӣ, ороишӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сохтмон изҳор доштанд.
Бояд гуфт, ки ширкатҳои фаластинӣ аз ҷониби Федератсияи иттиҳодияҳои тоҷирони Фаластин ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Фаластин ва Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон 2024», ки аз 3 то 5 май дар «Dushanbe Expo Center» баргузор мешавад, иштирок доранд.
Инҳо ширкати истеҳсоли собун ва маҳсулоти ороишии «Наблус» ва ширкати фармасевтии «Сама» мебошанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






