«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид

Май 4, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят дар Форуми сармоягузории «Тошканд-2024» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар доираи форуми байналмилалӣ дар ноҳияи Чирчиқи вилояти Тошканд Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд доир гардида, дар кори он роҳбарияти ин вилоятҳо ва соҳибкорону сармоягузорони ду тараф иштирок намуданд.

Ҳайати вилояти Суғд нахуст бо фаъолияти корхонаи «Азия Ташкентский текстиль» шинос шуд ва сипас байни соҳибкорони ду вилояти ҳамсоя вохӯриҳо дар шакли B2B ва B2G доир гардиданд.

Дар форум роҳбарони вилоятҳо аз густариши робитаҳо, ки самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар форум имконияти сармоягузории ду минтақа муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон байни вилояти Суғд ва вилояти Тошканд «Харитаи роҳ» имзо гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 4, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд