ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1207 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.8136 сомонӣ;
1 евро – 11. 7230 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1207 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.8136 то 10.8000 сомонӣ;
1 евро аз 11.7230 то 11.7600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1207 то 0.1210 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».