«ВАСФИ ҶАВОНӢ». Дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон озмун эълон гардид

Май 4, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Васфи ҷавонӣ»- таҳти чунин унвон дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва васфи саодати баланди ҷавонони Тоҷикистон, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии муваффақияти ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ, васфи хотироти ҷавонии фарзонагони миллат ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он гузаронида мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи се номинатсия: беҳтарин маводи насрӣ (ҳама навъи асарҳои насрӣ), беҳтарин маводи назмӣ (ҳама навъи асарҳои назмӣ) ва беҳтарин суруди ифодакунандаи қадру манзалати ҷавонӣ натиҷагирӣ карда мешавад.

Барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ, диплом ва  туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳар се номинатсия 5 000 сомонӣ (ба 3 нафар, ҷамъ 15 000 сомонӣ), барои ду ҷойи дуюм дар ҳар се номинатсия 3 000 сомонӣ (ба 6 нафар дар маҷмуъ 18 000 сомонӣ) ва барои се ҷойи сеюм дар ҳар се номинатсия 2 000 сомонӣ (ба 9 нафар, дар маҷмуъ 18 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.

Озмун аз 3 то 27 май идома ёфта, дар он довталабони аз 17 то 35-сола иштирок карда метавонанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид