Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Директори Фонди Роҳи Абрешими Чин густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсай Сиютзюн баргузор шуд, ки дар доираи он масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди иқтисод, савдо, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат имконияти сармоягузории ҷумҳуриро муаррифӣ карда, дар робита ба ҷудо намудани 26 миллиард юан, ки барои маблағгузории давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин равона гардидааст, лоиҳаҳои «Модернизатсияи корхонаи «Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)», «Сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашт», «Таъсиси корхонаи нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик», «Таъсиси маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара», «Сохтмони Парки индустриалӣ-технологии муштарак», «Сохтмони гармхонаҳо дар вилояти Хатлон» ва «Мутобиқ гардонидани қитъаҳои роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб ва Рӯшон-Варшез»-ро, ки қаблан дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Чин ирсол гардидааст, барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






