«МУҲИТИ ТАЪЛИМ-АСОСИ ТАҲСИЛИ БОСИФАТ». Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон татбиқи ин лоиҳаро баррасӣ намуданд

Май 14, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ масъалаи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсили босифат» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ яке аз ташкилоте мебошад, ки дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда дорад. Вохӯрӣ ба масъалаи боз ҳам рушд додани ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд барои баланд бардоштани сифати таҳсил мунтазам кӯшиш менамояд. Иқдоми судманде, ки ба пешрафт ва рушди маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсили босифат» дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мебошад.

Директори минтақавӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Михаил Рутковский баён дошт, ки вохӯрии имрӯза сабаби  вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба ва тавсеаи ҳамкорӣ дар оянда мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид