27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст

Июнь 16, 2024 17:26

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба вуҷуд овардани руҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсонозодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорад. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст. Чунин изҳор доштааст дар мақолаи худ ёрдамчии калони Прокурори шаҳри Ҳисор Баҳодур Касирзода, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

-Ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузоштаамон сабаб мегардад. Ваҳдати миллӣ инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бандем.

Табиист, ки ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест, барои расидан ба ин саодат миллатро зарур аст, ки фарзандони бедордил дошта бошад, то дар расидан ба рӯзҳои нек миллатро сарҷамъ ва муттаҳид намояд. Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.

Ваҳдат- сулҳ- чӣ калимаҳои муқаддас ҳастанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии мамлакат маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳон аст. Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем, мебинем, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузоштем. Кӯшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю талошҳои Пешвои ғамхору дурандеши мо бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохӯриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «То нафари охирини аз Ватан маҷбуран рафтаро ба Ватан бар нагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».

Вале, бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, неруҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.

Имрӯз бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва зимоми давлатдорӣ ба марди баномусу ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ба дӯшашон масъулияти бузурге гузошт.

Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва мамлакат харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии марди хирадманд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ шуруъ намуд.

Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Маҳз дар ҳамин давра бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шуруъ карда шуд. Имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имконият фароҳам оварда шудаанд.

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 иброз гардид, ки «ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас мегузоранд».

Ёдовар бояд шуд, ки мақомоти прокуратура дар марҳилаи ташкилёбӣ бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ мубориза бурда, баҳри оромии ҷомеа ва таъмини сулҳу субот корҳои муайяне ба сомон расонидааст. Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калон дошта, ба ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии давлат ва сулҳу суботи он саҳм мегузорад.

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандӯстӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «мо ҳама якҷо бо фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрўза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.

Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон — Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 16, 2024 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад