35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инфрасохтори ноҳияи Носири Хусрав бо усули муосири меъморӣ ва тибқи талаботи замон сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба истифода дода мешавад. Яке аз он бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки бино аз ду ошёна ва 320 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошад. Иншоот бо саҳми падару модар, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ва тибқи нақша то 1 сентябр ба истифода дода мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав барои хизматчиёни давлатӣ сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрадорро дар бар мегирад ва мувофиқи нақша,имсол ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии «Васила» шинос шуд. Хоҷагӣ соли 2017 таъсис дода шуда, дорои 1,75 гектар замин аст. Дар он шуруъ аз соли 2018 ба парвариши ангур машғул мебошанд.
Роҳбари хоҷагӣ Мусулмон Тошбеков иттилоъ дод, ки дар токзор ангури навъҳои ҳусайнӣ, сиёҳ, шоҳона, ғалаба, аватар ва ангури пешпазак парвариш карда мешавад.
Дар ин ноҳия хоҷагии «Эҳёи чашма» фаъолият мекунад, ки он дорои 5,15 гектар замин буда, хоҷагидор 1200 бех дарахти олуи сиёҳ, 330 бех дарахти зардолу, 30 бех дарахти гелос ва 80 бех дарахти чормағз шинонидааст. Ҳоло хоҷагидорон нақша доранд, ки 30 тонна олуи сиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва берунӣ содирот намоянд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Носири Хусрав хоҷагии деҳқонии «Неъматҷон-2010» фаъолият мекунад, ки дорои 3 гектар замин аст. Саҳмдорони хоҷагӣ ба парвариши кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ ва ғалладонагиҳо машғул мебошанд.
Раиси вилояти Хатлон барои дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара оид ба вусъат додани кишти такрории зироати кишоварзӣ, зиёд намудани захираи хӯрокворӣ ва аз як замин ба даст овардани ду-се ҳосил дода буданд, ҳар ҳафта ба шаҳру ноҳияҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки Рашт маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






