35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инфрасохтори ноҳияи Носири Хусрав бо усули муосири меъморӣ ва тибқи талаботи замон сохта мешавад

Июнь 11, 2024 09:18

 ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба истифода дода мешавад. Яке аз он бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ дар хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки бино аз ду ошёна ва 320 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошад. Иншоот бо саҳми падару модар, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ва тибқи нақша то 1 сентябр ба истифода дода мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав барои хизматчиёни давлатӣ сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрадорро дар бар мегирад ва мувофиқи нақша,имсол ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии «Васила» шинос шуд. Хоҷагӣ соли 2017 таъсис дода шуда, дорои 1,75 гектар замин аст. Дар он шуруъ аз соли 2018 ба парвариши ангур машғул мебошанд.

Роҳбари хоҷагӣ Мусулмон Тошбеков иттилоъ дод, ки дар токзор ангури навъҳои ҳусайнӣ, сиёҳ, шоҳона, ғалаба, аватар ва ангури пешпазак парвариш карда мешавад.

Дар  ин ноҳия хоҷагии «Эҳёи чашма» фаъолият мекунад, ки он дорои 5,15 гектар замин буда, хоҷагидор 1200 бех дарахти олуи сиёҳ, 330 бех дарахти зардолу, 30 бех дарахти гелос ва 80 бех дарахти чормағз шинонидааст. Ҳоло хоҷагидорон нақша доранд, ки 30 тонна олуи сиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва берунӣ содирот намоянд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Носири Хусрав хоҷагии деҳқонии «Неъматҷон-2010» фаъолият мекунад, ки дорои 3 гектар замин аст. Саҳмдорони хоҷагӣ ба парвариши кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ ва ғалладонагиҳо машғул мебошанд.

Раиси вилояти Хатлон барои дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот  бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара оид ба вусъат додани кишти такрории зироати кишоварзӣ, зиёд намудани захираи хӯрокворӣ ва аз як замин ба даст овардани ду-се ҳосил дода буданд, ҳар ҳафта ба шаҳру ноҳияҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 11, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт