35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар Хоруғ бунёду навсозии 300 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Июнь 21, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни  35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 300 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  хабар медиҳад. 

Имрӯзҳо  корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ бо маром идома дошта, дар остонаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ  чанде аз онҳо,  ба монанди  навсозии «Боғи Ғалаба ба номи Сайфулло Абдулло» дар шаҳри Хоруғ, таъмири каналҳои обёрии Шошхоруғ, Темур ва Додихудо ва ҳамзамон дар доираи Лоиҳаи таҳкими устуворгардонӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ,  чароғонкунии кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дар асоси лампаҳои офтобӣ ба  анҷом расонида  шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар давоми се соли охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ як қатор иншооти муҳими иқтисодӣ — иҷтимоиро  сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Ба иттилои манбаъ,  айни ҳол дар шаҳри Хоруғ сохтмони  51 иншооти дигар  идома дорад.

Бояд иброз намуд, ки сохтмони иншооте, ки берун аз нақша ҳастанд  дар соли 2023 ба 30 адад мерасид ва ба ҳолати 1 июни соли равон бошад шумораи чунин иншоот 21 ададро ташкил дод. Яъне, айни ҳол сохтмони  51 адад иншооти берун аз нақша  идома дорад.

Дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ 51 иншооти сохтмонӣ ба нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, айни ҳол шумораи иншооти ҷашни ба 300 адад расидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 21, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегирад
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳпаймоӣ доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки Рашт маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст