Ҳайати бонуфузи Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми занон вориди Хуҷанд шуданд

Июнь 19, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 июн ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ба шаҳри Душанбе омад. Меҳмонон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, имрӯз дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон «Симои зан» ва симои каллиграфияи устодони чинӣ «Маънии ҳаёт» дар «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, дар ин ҷо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи археологию фортификатсионии шаҳрро тамошо мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

20 июн дар шаҳри Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромада, дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад.

 

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июнь 19, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд