ҚАЛЪАИ ЯМЧУН — ҚАДИМТАРИН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Ин ёдгории фарҳангӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари амрикоӣ навсозӣ мегардад

Июнь 17, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, назди дарёи Ямчун қомат афрохтааст. Он бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари америкоӣ навсозӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  иттилоъ доданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо корҳои сохтмонӣ  ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ноҳияи Ишкошим шинос гардид.

Дар баробари азнавбарқароркунии қалъаи мазкур,  инчунин барои омадани  сайёҳонони хориҷиву дохилӣ ба ин мавзеъ роҳи пиёдагард ба сӯи қалъа таъмир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 км қарор дорад.

Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Июнь 17, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст