Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид

Июнь 7, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагӣ, ташкил ва гузаронидани Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва чорабиниҳои канории он ҳисоботи аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии  беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумот барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ наздик ба сесад нафар намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»   аъзои Кумитаи тадорукот ва  роҳбарони вазорату идораҳои  дахлдори мамлакатро барои дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд, ки ба масъалаи   татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи обу иқлим бахшида шудааст, вазифадор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  10-13 июни соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ҳадафи Конференсия тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Дар доираи Конференсия баргузории форумҳо, чорабиниҳои канорию интерактивӣ ва фестивалҳо дар назар дошта шудааст.

Форумҳо  қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои конфронс таъмин менамоянд. Ҳадафи форумҳо эҷоди платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни қишрҳои муайяни ҷонибҳои манфиатдор ё дар минтақаҳои алоҳида мебошад. Форумҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла занон, ҷавонон, мардуми бумӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Муҳокимаҳо, хулосаҳо ва қарорҳои воқеӣ ва мувофиқ метавонанд ба кори Конференсия ва баррасии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла чаҳорчӯбаи суръатбахши Ҳадафи Рушди Устувори   6-ум мусоидат намоянд.  Форумҳо имкон фароҳам меоранд, ки дар онҳо натиҷаҳои Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ва Конференсияи дуюми оби Душанбе баррасӣ шаванд. Натиҷаҳои форумҳо дар ҷаласаҳои хотимавӣ пешниҳод карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар чорабинии канории Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ иштирок намуд
ВКХ ҶТ: «Хабарҳои бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсис додани пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон асос надоранд»
Тоҷикистон ва Қатар татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд
Дурнамои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон меоянд
Дар Қатар инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» баррасӣ шуд
Дар Риёз ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод
Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва тоҷикони муқими вилояти Свердловск мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқот намуд