Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи «НБО-и Роғун (Лоти 4)» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Венаи Австрия, дар ҳошияи баргузории Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи «НБО-и Роғун (Лоти 4)» ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳумро Файзиддин Қаҳҳорзода ва доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
Инчунин 25 июн вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб – Валид ал — Баҳар доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи муштараки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Дар вохӯрӣ инчунин ҷонибҳо вобаста ба ҷалби маблағи кумаки техникӣ барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои нави афзалиятноки ҷумҳурӣ ва доир ба ҳаммаблағгузории Фонд дар лоиҳаи сохтмони «Неругоҳи барқии обии Роғун» (Лоти 4) ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок омодагии худро изҳор намуданд.
Зимни иштирок дар Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) 25 июн Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди Абудабӣ оид ба Рушд Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ вохӯрӣ намуд.


Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, махсусан маблағгузории идомаи сохтмони иншооти стратегии ҷумҳурӣ- Неругоҳи барқи обии Роғун (Лоти 4) баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди назар омодагии худро изҳор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






