Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва минбаъд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер Созишнома оид ба лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба маблағи умумии 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тавре дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иброз гардид, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 900 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, ҳоло аз ҷониби ин бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон













ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






